
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Парки технологияҳои инноватсионии Gayur Group дар шаҳри Душанбе боздид намуданд.
Дар ҷараёни боздид навбати дуюми корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, инчунин корхонаҳои истеҳсоли платаҳои электронӣ ва лампаҳои диодӣ, ки аз ҷониби Gayur Group таҳти роҳбарии соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло таъсис дода шудаанд, расман мавриди истифода қарор гирифтанд.
Иттилоъ дода шуд, ки навбати дуюми истеҳсоли маҳсулоти полипропиленӣ дар заминаи технологияҳои муосири саноатии ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ фаъолият менамояд. Таҷҳизот аз ҷониби ширкати австриягии Starlinger таъмин гардида, айни замон ягона чунин маҷмааи истеҳсолӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин ёдоварӣ гардид, ки навбати якуми корхона соли 2020 аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор гирифта буд.
Навбати дуюм хатҳои иловагии истеҳсоли риштаи полипропиленӣ, бофандагӣ, ламинатсия, фоточоп, буриши матоъ ва насби клапанҳои автоматиро дар бар гирифта, барои 140 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам овардааст. Тибқи нақшаҳои рушд, шумораи кормандон дар ояндаи наздик то 600 нафар зиёд карда мешавад.
Иқтидори истеҳсолии корхона зиёда аз 70 миллион халтаи полипропиленӣ дар як солро ташкил дода, ҳаҷми умумии таъминот ба 120 миллион адад мерасад. Талаботи бозори дохилӣ дар бахшҳои сохтмон, кишоварзӣ, саноати кимиё ва дигар соҳаҳо пурра бо халтаҳои инноватсионии AD Star таъмин гардида, вобастагӣ аз маҳсулоти воридотиро коҳиш медиҳад. Қисми боқимондаи маҳсулот ба содирот равона карда мешавад.
Татбиқи технологияҳои насли нав имкон медиҳад, ки корхона бе партов фаъолият намуда, маводи коркардшаванда барои истифодаи минбаъда ба дигар корхонаҳои истеҳсолӣ интиқол дода шавад.
Илова ба халтаҳои сементӣ, Gayur Group инчунин барои орд, маҳсулоти хӯрокворӣ ва кимиёвӣ халтаҳои полипропиленӣ истеҳсол менамояд.
Тамоми марҳилаҳои истеҳсолот — аз коркарди ашёи хом то рангкунӣ, ороиш ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр — дар доираи як маҷмааи истеҳсолӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар ҷараёни боздид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти истеҳсолии корхона ва ташаббуси соҳибкори ватанӣ Акбар Асадуллоро баланд арзёбӣ намуда, ҷиҳати таъмини сифат ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир тавсияҳо доданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ инчунин корхонаи истеҳсоли платаҳои электронӣ ва лампаҳои диодиро расман мавриди истифода қарор дода, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.
Корхона бо технологияҳои муосири инноватсионӣ ва таҷҳизоти истеҳсолии Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷопон муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Корхонаи истеҳсоли лампаҳои диодӣ ягона чунин корхона дар Тоҷикистон буда, дар доираи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар таъсис дода шудааст.
Маҷмааи истеҳсолӣ хатҳои автоматии SMT барои истеҳсоли платаҳои электронӣ, хатҳои рангкунӣ, васлкунии лампаҳои диодӣ, прессҳои металлӣ ва истеҳсоли ҷузъҳои пластикиро дар бар мегирад.
Хати истеҳсоли платаҳои электронӣ имкон медиҳад, ки на танҳо барои лампаҳои LED, балки барои зиёда аз 150 намуди таҷҳизоти барқӣ, аз ҷумла яхдонҳо, кондитсионерҳо, телевизорҳо, камераҳои назоратӣ ва ҳисобкунакҳои барқӣ маҳсулот истеҳсол карда шавад.
Таъсиси ин корхона истеҳсоли маҳаллии PCBA ва ҷузъҳои лампаҳои диодиро таъмин намуда, Тоҷикистонро ба яке аз истеҳсолкунандагони пешсафи чунин маҳсулот дар Осиёи Марказӣ табдил медиҳад.
Дар сехи васлкунӣ лоиҳаҳои ояндадори Gayur Group, аз ҷумла нақшаҳои сохтмони корхонаҳои истеҳсоли смартфонҳо, планшетҳо, соатҳои ҳушманд, ноутбукҳо ва камераҳои назоратӣ бо маркази мустақили R&D ва давраи пурраи истеҳсолот муаррифӣ гардиданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ инчунин аз намоиши маҳсулоти ширкат боздид намуда, бо семент, гипсокартон, халтаҳои полипропиленӣ, воситаҳои гигиенаи шахсӣ ва дигар маҳсулот шинос шуданд.
Дар мулоқот бо роҳбарияти Gayur Group Сарвари давлат ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон дастуру супоришҳо доданд.
